“Дар ҷамоатҳои деҳоти Навбаҳор, Оббурдон ва Мастчоҳ барои беш аз 700 кӯдак сохтмони се муассисаи томактабӣ нав бо дастгирии соҳибкорон ва саҳми фаъоли аҳолии маҳаллӣ идома дорад” – хабар доданд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ.
Мувофиқи нақша, ин муассисаҳо то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра ба анҷом бояд расанд. Бунёди чунин муассисаҳо бо саҳми аҳолӣ ва соҳибкорони маҳал дар баробари сармоягузорӣ ба ояндаи насли наврас заминаи боэътимоди рушди устувори ҷомеа, таҳкими пояҳои маърифатӣ ва тарбияи фарзандон дар руҳияи худшиносию ватандӯстӣ мебошад. Ҳоло дар ноҳияи Мастчоҳ 11 муассисаи таълимии томактабӣ ва як кӯдакистони хусусӣ фаъолият доранд, ки дар маҷмуъ 1401 кӯдак дар он таҳсил доранд.
Блоки рекламавӣ