Соҳибкори амрикоӣ ва миллиардер Илон Маск гуфт, ки ҳар Ҳукуматеро, ки ба зидди халқи худ амал мекунад, ғайриқонунӣ мешуморад:
“Ҳар ҳукумате, ки халқи худро нобуд мекунад, ғайриқонунӣ аст”, — навиштааст вай дар Шабакаи Иҷтимоии X.
Дар аввали моҳи июл Маск эълон кард, ки ният дорад дар ИМА ҳизби сеюмро таъсис диҳад, ки онро “Америка” номид ва сипас расман ҳуҷҷатҳоро барои бақайдгирии он пешниҳод кард. Ҳафтаи гузашта рӯзномаи Wall Street journal навишт, ки миллиардер ҳоло ин нақшаҳоро ба таъхир меандозад, то ба ширкатҳои худ тамаркуз кунад ва ҷумҳурихоҳони бонуфузро аз худ дур накунад.
Блоки рекламавӣ



