Сокинони Мазори Шариф аз он нигаронанд, ки бар асари заминларзаи ахир масҷиди таърихии шаҳр зиён дидаву касе то кунун касе дар фикри таъмиру тармими он нест.
“Масҷиди Кабуд” ё “Равзаи Ҳазратӣ Алӣ”, макони таърихӣ ва муқаддас барои аксар мусалмонон дар шаҳри Мазори Шарифи Афғонистон аст. Инҷо аз маъруфтарин ҷойи диданӣ ва зиёратӣ дар шимоли Афғонистон аст, ки дар пайи заминларзаи рӯзи 3-юми ноябр осеб дид.
Дар заминларзаи беш аз шашдараҷаӣ, ки дар он 27 нафар ҳалок ва ҳудуди ҳазор нафар захмӣ шуд, кошикориҳои қадимии деворҳои масҷид рехта, гунбадҳояш нимавайрона шудаанд.
Сокинон аз ҳукумати “Толибон” (мамнуъ дар Тоҷикистон) дархост кардаанд, ки фавран иқдом кунанд, то ин осори таърихӣ нобуд нашавад.
Масҷиди Кабуд дар замони ҳукмронии сулолаи Темуриён дар асри 15 сохта шудааст. Сокинони эътиқодманд бо такя ба бархе ривоятҳо ин маконро қадамҷо ё ҷойи дафни Алӣ, домоди Муҳаммад, пайёмбари ислом медонанд.

“Масҷиди Кабуд” осеб дид, аммо чаппа нашуд
Блоки рекламавӣ


