Дар машварати корӣ масъалаҳои марбут ба вазъи истифодаи заминҳо, иҷрои нақшаҳои истеҳсолии соҳаи кишоварзӣ, омодагиҳо ба соли нави хониш, зимистонгузаронӣ, омӯзиши пешаздаъватии даъватшавандагон, вусъатбахшии корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатиро мавриди таҳлил қарор гирифта, ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин супоришҳо дода шуд.
Аз ҷумла, зимни таҳлили вазъи соҳаи кишоварзӣ барои истифодаи самраноку оқилонаи обу замин, зиёд намудани истеҳсоли ғалла, картошка, полезиҳо, сабзавоту меваҷот, саршумори чорвою паранда, гӯшту шир, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида, ҷамъоварии пахта, гирифтани ду-се ҳосил, гузаронидани кишти такрорӣ ба раисони шаҳру ноҳияҳо ва масъулини соҳаи кишоварзии вилоят супоришҳои қатъӣ дода шуд. Таъкид гардид, ки таъмини амнияти озуқаворӣ аз вазифаҳои аввалиндараҷа буда, барои иҷрои нақшаҳои истеҳсолӣ бояд аз тамоми захираву имкониятҳо истифода бурда шавад.
Ба комиссари ҳарбии вилоят, комиссарони ҳарбии шаҳру ноҳияҳо ва раисони шаҳру ноҳияҳо дастур дода шуд, ки масъалаи омӯзиши пешаздаъватиро таҳти таваҷҷуҳи хоса қарор дода, барои даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ омодагии ҷиддӣ дида шавад.
Аз ҷониби Раиси вилоят ҳамзамон барои ба охир расонидани корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнӣ, дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба анҷом расонидани корҳои омодагӣ дар мактабҳо ва омодагӣ ба соли нави хониш, дастгирии хонандагони ятим ва аз оилаҳои ниёзманд ба раисони шаҳру ноҳияҳо супоришҳо дода шуд. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Машварати кории раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода
Блоки рекламавӣ


