Дар деҳаҳои Табушн ва Сабағи ноҳияи Масчоҳ бо ташаббуси худи сокинон ва дастгирии соҳибкорони ин ду деҳа корҳои мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ оғоз ёфт.
Дар доираи ин иқдом қарор аст беш аз 3 километр роҳҳои дохилии деҳаҳо асфалтпӯш шаванд. Имрӯз мумфаршкунӣ дар кӯчаи Т. Шехови деҳаи Табушн, ки беш аз 600 метр тӯл дорад, оғоз гардид.
Ин иқдом намунаи равшани ҳисси баланди шаҳрвандӣ ва ғайрати созандаи мардуми заҳматкаши ин ду деҳа буда, шоистаи таҳсину ибрат аст.
Фитрати Ҳикмат
Блоки рекламавӣ