3 октябр дар Амфитеатри Қасри Арбоб маросими бошукӯҳи гусели нахустин гурӯҳи даъватшавандагон аз вилояти Суғд ба хизмати ҳарбӣ баргузор гардид.
Дар ҳамоиши тантанавӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ширкат варзида, изҳор дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста барои беҳсозии шароити хизматчиёни ҳарбӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад. Артиши миллӣ имрӯз бо таҷҳизоту техникаҳои муосир таъмин буда, ҷавонони ватандӯст дар он дарси садоқат ба Ватан, мардонагӣ ва ҳифзи марзу буми давлатро меомӯзанд.
Зикр гардид, ки даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Фармони Президенти мамлакат «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1998-2007-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» амалӣ мегардад.
Раиси вилоят таъкид намуд, ки корҳои тарғиботиву фаҳмондадиҳӣ дар давраи байнидаъватӣ натиҷаи хуб бахшида, дар маҷмӯъ 3500 нафар ҷавонон омодагии худро барои хизмати ҳарбӣ изҳор намуданд. Имрӯз бошад, гурӯҳи нахустини даъватшавандагон гусел карда мешаванд.
Иттилоъ дода шуд, ки ҷамоатҳои Ворух ва Чоркӯҳи шаҳри Исфара, Халифа Ҳасан, Хурмӣ, Шинг ва Саразми шаҳри Панҷакент, Адрасмон ва Зарнисори шаҳри Гулистон, Меҳнатободи ноҳияи Зафаробод, Суғдиён ва Навбаҳори ноҳияи Мастчоҳ дар рӯзи аввал нақшаи даъватро пурра иҷро намудаанд.
Раиси вилоят ба волидоне, ки фарзандони ватандӯсту далерро тарбия намудаанд, изҳори сипос карда, афзуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар партави супоришҳои Пешвои миллат барои беҳсозии шароити хизматчиёни ҳарбӣ пайваста чораандешӣ менамояд.
Сипас, маросими нонгазон баргузор шуда, барномаи рангини консертӣ барои даъватшавандагон пешниҳод карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 27 сола дар ду мавсим – моҳҳои апрел–май ва октябр–ноябр ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ даъват карда мешаванд. Дар ин бора Хадамоти матбуоти Ҳукумати вилояти Суғд хабар додааст.

Маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ
Блоки рекламавӣ


