22 октябр дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Восеъ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази ташхисии «Тибби Ҳулбук»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти нав бо тарҳи муосир бунёд ёфта, аз ҳашт ошёна иборат аст. Маркази ташхисии «Тибби Ҳулбук» дар ошёнаи якум ва таҳхона ҷойгир шуда, бо таҷҳизоти навтарин таъмин ва шароити мувофиқ барои ташхис ва табобати беморон фароҳам оварда шудааст. Ошёнаи якум дорои 9 ҳуҷра буда, дар даромадгоҳ дорухона, гӯшаи гиёҳдармонӣ ва ҳуҷраҳо барои мутахассисони амрози даруна, асабшинос, табиби гӯшу гулӯ ва бинӣ, табиби амрози занона ва қалбшинос ҷой дода шудааст. Дар таҳхонаи Марказ барои ташхиси беморон дастгоҳҳои муосири тиббӣ, дастгоҳҳои ташхиси магнитию резонансӣ, томографияи компютерӣ, рентгени рақамӣ, рентгени скопӣ, рентгени дандон ва фаросавтӣ, аз зумраи таҷҳизотест, ки дар ҳамин қисмати Маркази ташхисии «Тибби Ҳулбук» ҷойгир гардидааст. Ҳамчунин, дар таҳхона ҳуҷраҳои табобати физиотерапевтӣ бо дастгоҳ ва таҷҳизоти муосир муҷҷаҳаз аст.
Маркази ташхисии «Тибби Ҳулбук» аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Раҷабалӣ Мирзоалиев бо харҷи 20 миллион сомонӣ ва бо мақсади беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии тиббӣ дар ноҳияи Восеъ бунёд гардид.
Дар Маркази нави ташхисӣ 40 мутахассиси дорои таҷрибаи баланди касбӣ фаъолият мекунанд, ки аксари онҳо аз ҳисоби занону духтарони маҳаллӣ мебошанд.
Дар ҳамин мавзеъ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи бунёди Маҷмааи нави тандурустӣ-табобатӣ шинос шуданд ва барои бунёди он санги асос гузоштанд.
Бино аз 6 ошёна иборат буда, тибқи нақша дорои 60 кати хоб ва 45 ҷойи нави корӣ мебошад.
Маҷмаа аз шуъбаҳои ҷарроҳӣ, бемориҳои дил, урологӣ, бемориҳои занона, маркази ташхис ва ёрии таъҷилӣ иборат хоҳад буд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь