Дар шаҳри Бӯстон боз як иншооти муҳими хизматрасонӣ — маркази савдои «Амид» мавриди истифода қарор гирифт.
Дар маросими ифтитоҳи иншооти мазкур Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода иштирок намуд.
Бунёди маркази савдои «Амид» ба беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонӣ ва таъмини аҳолӣ бо молу маҳсулоти хушсифат мусоидат менамояд.
Дар маркази савдои «Амид» зиёда аз 3 ҳазор номгӯи молу маҳсулоти гуногун ба харидорон пешниҳод мешавад. Тибқи иттилои масъулин, беш аз 70 фоизи маҳсулоти ба фурӯш гузошташуда истеҳсоли ватанӣ буда, аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни боздид аз марказ бо шароити хизматрасонӣ, сатҳу сифати молу маҳсулот шинос гардид. Зикр шуд, ки баъди ба истифода додани марказ даҳҳо нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь