Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев зимни анҷоми сафари корӣ ба вилояти Самарқанд гуфт, ки дар оянда маркази маъмурии вилояти Самарқанд ба деҳаи Гулобод мекӯчад. Ба гуфтаи ӯ бо дарназардошти он, ки Самарқанд ба шаҳри якмиллионнафарӣ табдил ёфтааст, маркази маъмурии ин вилоят ба ҷойи дигар бояд кӯчонида шавад.
– Ман пешниҳоди ба ҷои дигар кӯчонидани маркази вилоятро тасдиқ мекунам. Аз чаҳор ноҳияи Самарқанд, Пастдарғом, Тайлоқ ва Оқдарё 18 ҳазор гектар замин ҷудо карда мешавад ва маркази вилояти Самарқанд ба деҳаи Гулобод мекӯчад, -гуфт президенти Ӯзбекистон.
Шавкат Мирзиёев таъкид кард, ки агар чунин чорабиниҳо амалӣ нашаванд, Самарқандро ба маркази сайёҳӣ табдил додан имконнопазир мегардад.
Интизор меравад, ки ҳамаи биноҳои муассисаҳои давлатӣ аз маркази Самарқанд кӯчонида мешаванд. Дар оянда маркази маъмурии вилоят дар деҳаи Гулобод, ки ҳоло маркази маъмурии ноҳияи Самарқанд мебошад, арзи вуҷуд хоҳад кард.
– Дар маркази шаҳри Самарқанд сайёҳон орому озод гаштугузор ва истироҳат карда метавонанд, – тазаккур дод Шавкат Мирзиёев.
Вай мутасаддиёни идораҳои марбутаи кишварашро муваззаф кард, ки то охири сол лоиҳаи нақшаи генералиро таҳия кунанд.
– Бо мақсади такмили идоракунии шаҳр соли оянда дар Самарқанд панҷ ноҳияи нав ташкил карда мешавад. Инҳо ноҳияҳои Суғдиёна, Сиёб, Боғишамол, Мароканд ва Қаросув хоҳанд буд. Ман бори дигар перомуни ин масъала фикр мекунам, вазъиятро меомӯзам ва бо эъломи тасмими ниҳоӣ ба ман масъала хотима хоҳам дод, – иброз дошт Шавкат Мирзиёев.
Зимни ин сафар ба Самарқанд Шавкат Мирзиёев аз майдони ҳавоии байналхалқии он низ боздид кард. Дар ин ҷо бинои нав сохта ва то моҳи сентябри соли равон мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт. Гуфта мешавад, ки парвозҳо тавассути хатсайрҳои байналхалқӣ аз ин майдони ҳавоӣ то даҳ маротиба афзоиш меёбанд.
– Шояд суол диҳед, ки чаро президент айнан ба Самарқанд омад. Дар ин рӯзҳои муборак барои Самарқанд нақшаҳои нав мекашем. Дар ин ҷо хотираи Имом ал-Бухорӣ маҳфуз аст. Вай пиёда гашта 600 ҳазор ҳадисро ҷамъоварӣ кардааст. Тараннуми мероси вай барои тамоми мардуми олами ислом арзанда мебошад, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Мирасрор Аҳроров,
хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд



