Дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Восеъ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасониро ифтитоҳ намуданд.
Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ тибқи талаботи Созишномаи грантӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд вобаста ба лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бакортаъминшавӣ» таъсис дода шудааст.
Бинои асосии Марказ аз чор ошёна иборат буда, бо тарҳи замонавӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои сохтмонии имрӯза бунёд ёфтааст.
Дар Марказ аз рӯи 5 ихтисос: барқкор, васлгари таҷҳизоти барқии офтобӣ, челонгари техникаи санитарӣ, андовагар ва кафшергари газию барқӣ мутахассисон омода карда мешавад. Иқтидори имконпазири Марказ барои дар ду баст ба таълим фаро гирифтани 150 ҳунаромӯз мебошад.
Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар масоҳати 25 садяк замин бунёд гардидааст. Корҳои сохтмонӣ аз 22 ноябри соли 2022 оғоз ёфт.
Марказ бо буғхона, обу корез ва манораи об бо зарфи ғунҷоишаш 25 тонна таъмин аст. Ҳамчунин, бо хатти доимии барқ пайваст буда, илова бар ин тариқи панелҳои офтобӣ низ муассиса бо барқи доимӣ таъмин мебошад.
Дар ҳудуди Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи бунёди бинои чорошёнаи шуъбаи маорифи ноҳия шинос шуданд. Бинои нав аз 4 ошёна иборат мебошад.
Дар ин ҷо боз лоиҳаи биноҳои бисёрошёнаи истиқоматӣ бо ҷойгиршавии марказҳои хизматрасонӣ ва савдо ва муассисаи таҳсилоти томактабӣ муаррифӣ гардид.
Биноҳои истиқоматӣ аз 9 ошёна иборат буда, бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ сохта мешаванд. Дар ошёнаи якум ва дуюм марказҳои савдо ва хизматрасонӣ ҷойгир карда шудааст.
Аз соли 2024 то имрӯз 6 маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бунёд гардидаанд, ки иқтидори ба касбомӯзӣ фаро гирифтани то ҳашт ҳазор нафарро доранд. То ба имрӯз 3200 касбомӯз соҳиби сертификат шуда, зиёда аз се ҳазори дигар барои ба шуғл фаро гирифтан номнавис шудаанд.

Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар Восеъ
Блоки рекламавӣ


