Дар назди Агентии иннноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии «Маркази ҳифзи маълумот» таъсис дода шуд. Дар ин хусус Директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Мирзо ба намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷӣ иттилоъ додааст.
Гуфта шуд, ки самти фаъолияти «Маркази ҳифзи маълумот» ба таҳкими амнияти киберӣ ва ҳифзи иттилоот дар низомҳои давлатӣ ва махзанҳои коркарди маълумот равона гардида, назорати ҳамаҷонибаи раванди ҷамъоварӣ, коркард, истифода, паҳнкунии маълумот ва татбиқи механизмҳои ҳифзи барномавӣ, ба истиснои маълумоти дорои сирри давлатӣ амалӣ карда мешавад.
Блоки рекламавӣ



