Дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд Маркази фарҳангӣ ифтитоҳ гардид. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Марказ аз ду 2 ошёна иборат буда, дар он толори консертӣ барои 200 ҷойи нишаст, синфхонаҳо барои омӯзиши созҳои миллӣ, ансамблҳои шашмақом, фалак ва фолклорӣ-этнографӣ, рақс, санъати тасвирӣ, ҳунарҳои дастӣ ва дӯзандагӣ ҷойгир мебошанд.
Зимни ифтитоҳи марказ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён иброз намуд, ки ин иншооти фарҳангӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки сохтмони иншоот бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 200 ҷой соли 2017 оғоз гардид. Маркази фарҳангӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағи 8 миллиону 302 ҳазор сомонӣ сохта шуд.
Ҳадафи бунёди ин иншооти фарҳангӣ ғанӣ гардонидани фазои фарҳангӣ дар байни ҷомеа, тарбияи зебоипарастии наврасону ҷавонон, кашфи истеъдодҳои нав ва баргузории дигар чорабиниҳои оммавии фарҳангӣ мебошад.
Дар ноҳияи Мастчоҳ имрӯз анъанаҳои эҷодиёти бадеии халқ, аз қабили санъати дубайтӣ ва рубоихонӣ, рақси қадимаи «Остин» ва яке аз рукнҳои фарҳанги этнографӣ-фолклорӣ – «санъати нақшхонӣ» эҳё, ҳифз ва рушд меёбанд.

Маркази фарҳангӣ дар Мастчоҳ
Блоки рекламавӣ


