“Дар Ҷамоати деҳоти Чӯянгарони шаҳри Ваҳдат дар доираи марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар Ҷамоати деҳоти Ромит» корҳои сохтмон ва васлу насб оғоз гардиданд”, – иттилоъ додаанд аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Зимни муаррифии ин тарҳ гуфта шуд, ки татбиқи марҳилаи дуюми лоиҳа имкон фароҳам меорад 15 деҳаи Ҷамоати деҳоти Ромит, аз ҷумла деҳаҳои Лошхарв, Сайёд, Хилмарз, Товиши Поён, Лангар, Деҳпир, Сонеҳ, Сорвоғ, Хоҷабӯстон, Варвар, Регак, Хол, Сорбоғи Дарун ва Сорбоғи Даҳана бо неруи барқи доимӣ ва боэътимод таъмин карда шаванд.
Ҳамзамон дар доираи татбиқи лоиҳа иҷрои корҳои муҳими инфрасохторӣ, аз ҷумла васеъсозии зеристгоҳи барқии 110/20/10 кВ-и «Ромит», бунёди зеристгоҳи барқии нави 110 кВ-и «Явроз», сохтмони хати интиқоли барқи 110 кВ аз зеристгоҳи «Ромит» то зеристгоҳи «Явроз», кашидани хатҳои ҳавоии барқии 20 ва 10 кВ, насби 28 трансформатори 20/0,4 кВ ва 10/0,4 кВ, бунёди шабакаҳои тақсимоти барқи 0,4/0,22 кВ пешбинӣ шудааст.
Корҳои лоиҳакашӣ аз ҷониби консорсиуми ширкатҳои «БАРС Консалтинг», «ЭЛСИ-Азия Энерго Строй Проект» ва «Аркон» анҷом дода шуданд. Паймонкори лоиҳа ширкати ватании Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷикгидроэлектромонтаж» буда, маблағгузории лоиҳа аз ҷониби Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ (KOICA) амалӣ мегардад. Тибқи нақша, татбиқи пурраи лоиҳа соли 2028 дар назар дошта шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь