24 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти марҳилаи дуюми Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон”, ки ҷузъи гурӯҳи “Анадолу” мебошад, оғози расмӣ бахшиданд.
Марҳилаи аввали фаъолияти ширкат аз соли 2015 оғоз гардида, бо як хатти истеҳсолӣ 100 кормандро фаро гирифта буд.
Иттилоъ дода шуд, ки иқтидори корхона дар як сол истеҳсоли 170 миллион литр нӯшокиҳои ташнашикан буда, дар зарфҳои гуногунҳаҷм пешниҳоди бозори истеъмолӣ мегардад.
Бо таъсис ва ба фаъолият оғоз намудани марҳилаи нави ин иншооти саноатӣ беш аз 600 кас бо кор таъмин гардиданд. Васли хатти нави истеҳсолӣ, ба афзоиши иқтидор, номгӯи маҳсулот ва шумораи кормандон мусоидат кард.
Ҳоло дар корхона 7 намуд нӯшокиҳои брендӣ барои қонеъсозии талаботи мизоҷон истеҳсол мешавад.
Маҳсулоти ниҳоӣ қабл аз муомилот дар озмоишгоҳи корхона бо усули хос ташхис шуда, мутахассисон таркиб ва бехатарии онро тавассути дастгоҳҳои соҳавӣ аз санҷиш мегузаронанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь