Муассисаи давлатии “Суғдсинамо” ба номи К.Ёрматов бо дастгирии Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон, аз чониби Ҳукумати вилояти Суғд 1-уми марти соли 2015 таъсис ёфта, то ин дам 15 филми ҳунарӣ, ҳуҷҷатӣ ва кӯтох, сабту таҳия кардааст.
«Паканаи айнакдор» – филми охирини Муассисаи давлатии «Суғдсинамо” ба номи К. Ёрматов аст, ки соли 2025 офарида шудааст.
Филмбардорй дар шаҳрҳои Панҷакент, Хуҷанд, Бустон ва Исфара анҷом дода шудааст. Филм масъалахои таҳсил, тарбия ва мубориза бо табъизро баррасй мекунад.
Филм дар жанри фентезии кӯдакона таҳия шуда, дар ин сабк аввалин филм дар Тоҷикистон ба шумор меравад.
«Паканаи айнакдор» ба мавзӯъҳои таълиму тарбия, эҳтиром ба калонсолон, пешгирии табъиз ва ҳамзамон муаррифии маконҳои зебо ва сайёҳии кишвар бахшида шудааст.
Паёми асосии филм: ХАР АМАЛ ПОДОШ ДОРАД!
Филми “Паканаи айнакдор” дар ҳамкорй бо “Хатлонсинамо” таҳия шудааст.
Дар филм ҳунармандони шинохта нақш офаридаанд: Фаррух Сангинов, Гулбаҳор Ғаффорова, Соро Собир, Исфандиёр Ғуломзода,Шуҷоат Асадуллозода, Аҳлиддин Ҳасанзода, Ғайрат Қодиров, Сурайё Хоҷаева, Озода Аҳадова ва дигарон.
Ҳамчунин, ҳунарнамоии кӯдакон: Абдуқодир Норов (Сиёвуш) Самрат Ҳамдамов (Рустам), Суруш Раҷабов (Доро),
Муҳаммадҷон Носиров (Бежан).Сумая Орифзода (Моҳру),
Фариштамоҳ Фарҳоддухт (Дилоро) ва Марям Ғуфронова (Гулрӯ)
сазовори таҳсин мебошад.
Муаллиф ва коргардон: Фарҳод Ғаффорпур
Муаллиф ва продюсер:Дилошӯб Орифзода

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь