Зани тоҷикистонӣ дар натиҷаи садама дар Амрико даргузашт. Вай ҳамагӣ чанд моҳ пеш бо “Корти Сабз” ба Амрико омада буд.
Дилрабо Азизбековаи 36-сола ҳамроҳи се фарзандаш 6 феврал дар наздикии шаҳри Скрибнер, Небраска ба садамаи наҷлиётӣ дучор шуд. Худашй ҳалок шуд ва се фарзанди ноболиғаш ҷароҳатҳои вазнин бардоштанд. Дар ин бора наздикони марҳум хабар додпанд. Сабабҳои садама ва тафсилоти дигари ҳодиса ҳанӯз маълум нест.
Дар аввал дар ин бора сомонаи gofundme хабар дод. Дилрабо Азизбекова дар вақти садама дар сари чамбар буд. Зан дар ҷои ҳодиса ҳалок шуд, духтари 11-солааш, писарони 9-сола ва 5-солааш бо ҷароҳатҳои гуногун дар беморхона бистарӣ шуданд. Кӯдаки 9-сола аз ҳама бештар осеб дидааст, ки ҷароҳатҳои вазнин, аз ҷумла осеби мағзи сар дорад.
Ба гуфтаи хешовандон, Дилрабо Азизбекова кӯдаконро як солу се моҳ пеш бо “Корти Сабз” ба Амрико оварда буд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь