16-уми сентябри соли 2025 ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Холов Фирдавс Файзиддинович сокини ноҳияи Вахш, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Фахрободи ноҳияи Хуросон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба сутуни иҳотавии канори рости роҳ бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири автомашинаи мазкур Азизуллоев Зафар Файзиддинович, соли таваллудаш 1995, сокини ноҳияи Вахш, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
17-уми сентябри соли 2025 ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Бобоев Файзиддин Шералиевич, сокини ноҳияи Рашт, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Ҳисор дар ҳудуди деҳаи Ваҳдати шаҳри Ҳисор аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёташ набаромада, ба дарахти канори роҳ бурхӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофирони дохили автомашина Шерализода Меҳробиддин Ҷамолиддин, Латифзода Мустафо Ҷамшед, сокинони шаҳри Душанбе ва ноҳияи Рӯдакӣ ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардида ва худи ронанда Бобоев Ф.Ш. дар беморхона ба ҳалокат расид.
“Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад” – хабар медиҳад маркази матбуоти ВКД

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь