Муфаттишон дар шаҳри Кӯлоб марги Райҳона Хайригуловаи 19-сола ва хоҳари 10-солаи шавҳарашро таҳқиқ доранд. Ҷасади ҳардуи онҳо шаби 21 декабр аз ҳаммоми хонаашон дар маҳаллаи Нуробод пайдо шудааст.
Як манбаъ дар Идораи милисаи Кӯлоб рӯзи 23 декабр гуфтааст, “ҳодиса шаби тӯйи Райҳона ва пас аз хомӯш шудани нерӯи барқ иттифоқ афтод. Дар ҳаммом дастгоҳи хурди барқдиҳӣ (движок) гузошта будаанд. Бо эҳтимоли зиёд онҳо аз задани барқ ҷон додаанд.”

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь