Дар пайи ҳамлаи Исроилу Амрико ба Эрон дар баробари раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Алии Хоманаӣ – келинаш Заҳро, ки духтари Ғуломалӣ Ҳаддод Одил, раиси Фарҳангистону забону адаби форсӣ мебошад, низ кушта шудааст.
Заҳро ҳамсари Муҷтабо Хоманаӣ фарзанди калонии Оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ ва яке аз номзадҳои эҳтимолӣ ба курсии раҳбарии Ҷумҳурии Исломӣ буд. Сарнавишти Муҷтабо ҳанӯз номаълум аст. Бархе расонаҳо аз шаҳодати ӯ хабар медиҳанд, вале манобеъи расмӣ онро тасдиқ ё рад накардааст.
Ҳаддоди Одил дар суҳбат ба Садову Симои Эрон гуфтааст, ки духтараш дар роҳи инқилоб шаҳид шуд.
Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил чеҳраи номошно дар ҷомеаи илмиву фарҳангии Тоҷикистон аст. Ӯ сиёсатмадор ва донишманди маъруфи эронӣ буда, як муддат раиси Парлумони Эрон буд. Ҳоло Раиси Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ ва Узви Маҷмааи ташхиси маслиҳати низом аст.

Марги духтари Ҳаддоди Одил дар ҳамлаи Амрико ва Исроил
Блоки рекламавӣ


