13-уми январи соли 2026 ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Мерве», Файзуллоев Шоҳрухон Раҳматуллоевич сокини ноҳияи Деваштич ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди кӯчаи А.Насриддинови ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Б.Ғафуров, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дучархарон Файзиев Расул Абдуваҳобович сокини ноҳияи мазкурро пахш намуд.
Дар натиҷа, дучархарон Файзиев Р.А. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расид.
13-уми январи соли 2026 ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Зафира», Наврузов Ҷалол Ҷалилович сокини ноҳияи Зафаробод ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди хурдсол Бердизода Юсуф, соли таваллудаш 2016, сокини ҳамин ноҳия, ки роҳро убур мекард, пахш намудааст.
Дар натиҷа, хурдсол Бердизода Ю. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расид.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Марги ду нафар дар Ёва ва Зафаробод
Блоки рекламавӣ


