Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 42-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда соли 2021 бо роҳи фиреб ба боварии марди 37-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ ҳафт ҳазор доллари амрикоӣ гирифта ваъда додааст, ки бар ивазаш аз заминҳои захираи шаҳри Душанбе дар ноҳияи Шоҳмансур дар масоҳати 0,6 гектар қитъаи замин ҷудо намуда, медиҳад аммо то ҳол корро иҷро накарда, ӯро фиреб дода гаштааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 4 моддаи 247 ва қисми 1 моддаи 338 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь