Дафтари матбуоти муштараки Судҳои Санкт – Петербург хабар додааст, ки Владислав Поплавскийро суд барои авбошӣ гунаҳкор донист.
Ба иттилои ин сарчашма, моҳи феврал ин марди миллатгаро бо ду шарики худ дар шоҳроҳи Ланское ба як зодаи Тоҷикистон, ки савори дучарха аз назди онҳо мегузашт, ҳамла кардаанд.
Суд муайян кардааст, ки онҳо дар асоси миллатгароӣ ва бадбинӣ нисбат ба зодагони кишварҳои Осиёи Марказӣ, даст ба ин амал задаанд.
Поплавский дар мурофиа ба гуноҳаш иқрор шуда, изҳори пушаймонӣ намуд.
Шикоятҳо аз шиканҷаву муносибати бад нисбати муҳоҷирони тоҷик дар Руссия борҳо садо медиҳад, вале ҷазо гирифтани онҳо дар расонаҳои русӣ хеле кам расонаӣ мешаванд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь