Дар доираи тадбирҳои ободониву хуррамгардонӣ ва бо мақсади тақвияти корҳои сабзкорию беҳтар намудани муҳити зист имрӯз дар майдони назди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дарахтони ороишиву сояафкан шинонида шуд.
Раҷаб Аҳмадзода зимни иштирок дар маъракаи ниҳолшинонӣ таъкид намуд, ки ободониву кабудизоркунӣ ба беҳдошти вазъи экологӣ ва зебоии шаҳр мусоидат менамояд.
Масъулини соҳа иттилоъ доданд, ки дар доираи ин иқдом навъҳои гуногуни дарахтони мутобиқ ба иқлими минтақа интихоб гардида, барои нигоҳубини мунтазам ва парвариши онҳо тадбирҳои зарурӣ андешида хоҳад шуд.
Ёдовар мешавем, ки корҳои ободониву хуррамгардонӣ дар маркази вилоят ва шаҳру навоҳӣ бо маром идома дошта, ба истиқболи санаҳои муҳими давлатӣ симои маҳалҳо боз ҳам зебову назаррабо мегардад.

Маъракаи ниҳолшинонӣ дар Хуҷанд идома дорад
Блоки рекламавӣ


