Мақомоти интизомии Русия гуфтаанд, ки ихроҷи муҳоҷирони корӣ ва ё дар умум хориҷиён аз хоки ин кишвар дар соли 2025 тақрибан 25 ҳазор нафар камтар шудааст.
Хабаргузории русии “Интерфакс” бо такя ба иттилои додгоҳҳои Руссия навиштааст: “Дар 11 моҳи соли 2025 аз қаламрави Русия 54.4 ҳазор хориҷӣ ва афроди бидуни шаҳрвандиро берун рондаанд, вале ин рақам дар 11 моҳи соли 2024-ум 79 000 нафарро ташкил медод.
Ба навиштаи “Интерфакс” фармони раиси ҷумҳури Руссия барои тамдид кардани мӯҳлати қонунӣ кардани ҳузури хориҷиён, ки 10-уми сентябр ба поён расид, сабаби коҳиши ихроҷ ва ё депортатсияи муҳоҷирон шудааст.
Соли 2024 ба гуфтаи мақомоти расмӣ беш аз 30 ҳазор муҳоҷири тоҷикро аз Русия ихроҷ кардаанд.
Блоки рекламавӣ



