Котиби Шӯрои олии амнияти миллии Эрон Алӣ Лориҷонӣ изҳор дошт, ки Теҳрон бо Вашингтон гуфтушунид карданӣ нест.
“Мо бо Иёлоти Муттаҳида гуфтушунид намекунем” – навиштааст Лориҷонӣ дар шабакаи иҷтимоӣ.
Қаблан The Wall Street Journal навишта буд, ки Лориҷонӣ ташаббуси гуфтушунидро пешниҳод карда, ин пешниҳодро тавассути миёнаравҳо ба Трамп расонидааст.
Президенти ИМА Доналд Трамп ба The Atlantic гуфт, ки роҳбарияти нави Эрон аз ӯ хоҳиш кардааст, ки музокиротро аз сар гирад ва ӯ ба гуфтушунид розӣ аст. Трамп аз кӣ дархост кард, мушаххас накард.
Блоки рекламавӣ



