Аз якуми сентябри соли 2026 маоши кормандони давлатӣ ва нафақа дар Тоҷикистон зиёд карда мешавад.
Президент Эмомалӣ Раҳмон 16-уми декабр дар паём ба порлумон гуфтанд, ки маоши кормандони бахши маориф, аз ҷумла муаллимони мактаб 25 дарсад зиёд мешавад.
Маоши дигар кормандони давлатӣ ва низомиён 20 дарсад боло мерафтааст.
Маоши ҳадди ақал аз моҳи сентябри соли оянда 1300 сомонӣ ($140) муқаррар мешавад. Феълан маоши ҳадди ақал дар кишвар 1000 сомонӣ ($108) аст. Аз моҳи сентябр ҳаҷми нафақаҳо дар кишвар на камтар аз 15 дарсад зиёд карда мешавад.
Маошу нафақа дар Тоҷикистон бори ахир моҳи сентябри 2025 зиёд шуда буд.
Блоки рекламавӣ



