Шӯъбаи маорифи шаҳри Бохтар дар байни беш аз 60 шӯъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои кишвар ба Панҷгонаи беҳтарин Шуъбаҳои маориф дар самти дастовардҳо шомил мешавад.
Шӯъбаи маорифи шаҳри Бохтар барои ишғоли ҷойи 5 дар наминатсияи ” Панҷгонаи беҳтарин шӯъбаҳои маориф дар ҳаракати олимпии соли 2025″ саҳми арзанда гузоштанд дар рушди соҳаи маориф ва илм, мусоидат ҷиҳати иштироки фаъолонаи хонандагон дар давраи ҷумҳуриявии олипиядаҳои фаннӣ ва нишон додани натиҷаҳои назарраси олимпӣ аз ҷониби Вазири маорифи кишвар бо сипоснома қадрдонӣ карда шуд.
Ин дастовард, натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзии роҳбарияти Шӯъбаи маорифи шаҳри Бохтар ва омӯзгорони муассисаҳои таълимии шаҳр мебошад.
Бояд гуфт, ки соли дуюм аст, ки Шӯъбаи маорифи шаҳри Бохтар дар байни беш аз 60 шӯъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои кишвар дар Панҷгонаи беҳтарин Шуъбаҳои маориф шомил мешавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь