Манучеҳр Каримзода раиси Федератсияи ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон интихоб шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.Зимни ҷаласаи мазкур Каримзода Манучеҳри Бобӣ бо ҷонибдории якдилонаи аъзоён раиси Федератсияи ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон интихоб шуд. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, интихоби роҳбари нави федератсия дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва муттаҳидӣ сурат гирифт.
Дар кори маҷлис Котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Абдуллозода Муҳаммадшо, сардори Раёсати рушди варзиши касбӣ ва кор бо ташкилотҳои варзишии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Суфизода Давлат, инчунин аъзоёни федератсия иштирок намуданд.
Иштирокчиён изҳори умед карданд, ки бо интихоби роҳбари нави федератсия дастгирии варзишгарон боз ҳам тақвият ёфта, намояндагони мамлакат дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил мегарданд.

Манучеҳр Каримзода раиси Федератсияи ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон интихоб шуд
Блоки рекламавӣ


