Маъмурони зиндони шаҳри Хуҷанд ҷасади Мансур Назарови 59-сола, машҳур бо лақаби “Боксёр” ва раиси собиқи корхонаи тобеи “Роҳи оҳан” дар вилояти Суғдро ба наздиконаш супурдаанд.
Яке аз наздикони Мансур Назаров рӯзи даҳуми феврал ба Радиои “Озодӣ” гуфтааст вай бояд ҳамин ҳафта аз боздошт раҳо мешуд. Маъмурони зиндон сабаби марги ӯро “хунравии аз ҳад зиёд” гуфтаанд.
Мансур Назаров соли 2017 бо иттиҳоми роҳзанӣ (рэкетир) дар замони ҷанги шаҳрвандӣ боздошт ва ба он гунаҳкор дониста шуд, ки соли 1994 як соҳибкори маҳаллиро дар Конибодом барои надодани “ҳақ” (доля) “то мурдан задааст”.
Додгоҳ соли 2019 ӯро ба даҳ сол зиндон маҳкум карда буд.
Блоки рекламавӣ



