Дирӯз бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафирони Тоҷикистон дар ҷумҳуриҳои Италия, Фаронса ва Австрия иваз шуданд. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Убайдулло Маҳмадсаид Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Италия тайин карда шуд. Ӯ то ин давра Сафири Тоҷикистон дар Фаронса буд.
Бо Фармони Президенти Тоҷикистон Ҳомидзода Ҷамшед Тағай Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Франсия таъин карда шуд. Ӯ то ин дам сардори Раёсати созмонҳои байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон фаъолият дошт.
Бо фармони Президенти Тоҷикистон Ҷобир Манучеҳр Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия таъин гардид.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь