Тоҷикистон даҳ сол пеш никоҳ ё издивоҷи хешовандонро манъ кард. Мақомот онро яке аз сабабҳои камтавон таваллуд шудани 30 дарсади кӯдакон медонистанд. Ҳарчанд таъсири қонунро ба вазъи сиҳатии навзодон нашр намекунанд, манбаъҳои гуногун дар Тоҷикистон таваллуди кӯдакони имконияташон маҳдудро дар сол аз 2,5 то 3 ҳазор нафар ҳисоб кардаанд.
Ҳоло теъдоди кӯдакони то 18-солаи имконияташон маҳдуд дар Тоҷикистон зиёда аз 35 ҳазор нафар будааст. Ин 10 ҳазор нафар бештар дар муқоиса ба омори даҳ сол пеш мебошад.
Бунёди кӯдакони Созмони Милал мегӯяд, ки ба ҳисоби умумӣ дар дунё тахминан ҳар кӯдаки даҳуми то 18-сола бо бемориҳои модарзодӣ таваллуд мешаванд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь