27 сентябри соли 2025 зимни ҷаласаи 37-уми Шӯрои байналмилалии ҳамоҳангсозии Барномаи “Инсон ва биосфера” дар шаҳри Ҳанчжоуи Чин мамнуъгоҳи биосферии “Ромит” ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО шомил карда шуд.
Воридшавии “Ромит” ба ин шабака инъикоси ӯҳдадориҳои Тоҷикистон дар самти рушди устувор, ҳифзи гуногунии биологӣ ва ҳамзистии мутаносиби инсон бо табиат мебошад.
Мамнуъгоҳи биосферии “Ромит”, ки дар минтақаи нодири экологӣ ҷойгир аст, бо гуногунии бойи биологӣ, мавҷудияти намудҳои эндемикӣ ва усулҳои анъанавии истифодабарии замин машҳур аст.
Эътироф кардани “Ромит” ҳамчун намунаи муваффақ барои ҳифзи табиат бо дарназардошти ниёзҳои ҷомеаҳои маҳаллӣ ба дастгирии тадқиқоти илмӣ, маърифати экологӣ ва рушди устувори иқтисодӣ мусоидат хоҳад кард. Дар ин бора сайти вазорати корҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ додааст.

Мамнӯъгоҳи “Ромит” ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО дохил шуд
Блоки рекламавӣ


