Дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода бо Роҳбари Агентии федералии Русия оид ба кор бо Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳамкории байналмилалии гуманитарӣ («Россотрудничество») Евгений Примаков мулоқот намуд.
Дар мулоқот ҷонибҳо дар бораи рушди ҳамкории дуҷониба дар бахшҳои маърифатӣ, фарҳангӣ, дастгирии диаспораҳо, бахусус ҳамватанони тоҷик дар қаламрави Русия, баргузор кардани чорабиниҳои муштарак дар самти баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, гиромидошти арзишҳои миллӣ ва тақвияти робитаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ мубодилаи афкор намуданд.
Маликшо Неъматзода гуфт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори таҳкими дӯстию бародарӣ байни Тоҷикистону Русия буда, ба робитаҳои мустаҳкам бо ниҳодҳои гуманитарии ин кишвар, аз ҷумла «Россотрудничество» аҳамияти махсус медиҳад.
Ҷониби Русия низ барои тақвияти ҳамкорӣ бо Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва мусоидат ба фаъолияти созмонҳои ҷамъиятии тоҷикон дар Русия изҳори омодагӣ намуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь