Тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ғайриқонунӣ тайёр ва паҳн кардани маводҳои порнографӣ ва ғайриқонунӣ ҷамъоварӣ ва паҳн кардани маълумот оид ба ҳаёти шахсӣ, ҳамчун ҷиноят ба шумор рафта, чунин афрод тибқи талаботи моддаҳои 241 ва 144 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб мегардад.
Дар натиҷаи санҷиши муроҷиатҳои шаҳрвандон ва баругзории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, аз ҷониби кормандони Шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати ВКД дар шаҳри Душане, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷиноятҳои зикргардида, шаҳрванд Одирматов Исфандиёр, соли таваллудаш 2001, дастгир карда шуд.
Зимни тафтишоти пешакӣ муайян гардид, ки номбурда дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо номи «Малика» саҳифа кушода, мунтазам ба нашри наворҳои ғайриахлоқӣ ва тарғибкунандаи фаҳшу порнографӣ машғул шудааст. Ҳамзамон, муайян карда шуд, ки Одирматов И., маълумот оид ба ҳаёти шахсии шаҳрвандонро ҷамъоварӣ намуда, бо мақсади ба даст овардани манфиати молиявӣ, тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн кардааст.
Айни замон, гумонбаршаванда дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, тафтишот дар ин самт идома дорад.
Аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки агар аз кирдорҳои ҷиноятии Одирматов И., ҷабр дидаанд, тавассути рақамҳои (+992)018020202 ба милитсияи пойтахт муроҷиат намоянд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь