Мактаби рушд ва устуворӣ барои журналистони мустақил ва блогерон, ки санаи 2 октябр дар шаҳри Душанбе оғоз гардида буд, имруз ба анҷом расид.
Ин тренинг бо дастгирии Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон ташкил гардид ва ҳадафи он рушди малакаҳои касбӣ, эҷодӣ ва тиҷоратии рӯзноманигорон ва блогерон буд.
Дар рӯзи охир, иштирокчиён истифодаи абзорҳои зеҳни сунъӣ (AI) дар SMM-ро омӯхтанд — чӣ гуна метавон бо кӯмаки он контенти ҷолиб ва таъсирбахш эҷод кард.
Онҳо фаҳмиданд, ки зеҳни сунъӣ метавонад дастёри боэътимод барои беҳтарсозии кори журналистӣ ва пешбурди блогҳо гардад — аз таҳияи идеяҳо то таҳрир ва идоракунии саҳифаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ.
Ин мактаб барои иштирокчиён на танҳо як омӯзиш, балки оғози як марҳилаи нави касбӣ ва эҷодӣ гардид.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь