Дар шаҳри Панҷакент Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо раванди сохтмони як қатор иншооти соҳаи маориф шинос шуд.
Дар деҳаи Рукнободи Ҷамоати деҳоти Ёрӣ роҳбари вилоят аз корҳои сохтмонӣ дар бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16 боздид кард.
Ҳамчунин дар деҳаи Боғчаи Ҷамоати деҳоти Шинг бо иштироки Раҷаб Аҳмадзода бинои муассисаи таҳсилоти томактабӣ мавриди истифода қарор гирифт. Кӯдакистон барои 100 нафар пешбинӣ шуда, бо тамоми шароити муосир барои таълиму тарбияи кӯдакон таъмин гардидааст.
Дар идомаи сафар роҳбари вилоят дар деҳаи Ёрӣ бунёди синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №57-ро, ки бо саҳми соҳибкорону сокинон сохта мешавад, мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь