3 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Фазлиддин Муҳаммадиеви ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи давлатии “Мактаби бачагонаи мусиқии №3 ба номи Абдуфаттоҳ Одинаев”-ро мавриди истифода қарор доданд.
Иншооти нави дуошёна дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе дар масоҳати 0,17 гектар замин қомат афрохта, барои 300 хонанда дар 2 баст пешбинӣ шудааст.
Сохтмони иншоот аввали соли равон оғоз ёфта, дар муддати кӯтоҳ анҷом ёфтааст. Дар бинои нави Мактаби бачагонаи мусиқӣ шароити муосир фароҳам буда, он аз ҳуҷраҳои корӣ, синфхонаҳои таълимии рақс, фортепиано, созҳои халқӣ, сурудҳои академиву фалак ва ғайра иборат аст.
Ҳамчунин, барои баргузор намудани ҳамоишу чорабиниҳо дар ин ҷо толори барҳаво бо 42 ҷойи нишаст ва китобхона ҷойгир шудааст.
Мактаби бачагона соли 1962 дар заминаи хонаи истиқоматӣ ташкил шуда, ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ набуд. Ҳоло бошад, хонандагон имкон доранд дар бинои нав, ки дорои шароити муосир аст, ба таҳсил ва ҳунаромӯзӣ машғул шаванд.
Ҳоло дар Муассисаи давлатии “Мактаби бачагонаи мусиқии №3 ба номи Абдуфаттоҳ Одинаев” 130 хонанда ҳунари рақс, навозиши асбобҳои халқиву ҷаҳонӣ ва сарояндагиро меомӯзанд. Ба онҳо 25 омӯзгор, аз ҷумла санъаткорони варзидаву собиқадор таълим медиҳанд.

Мактаби бачагонаи ба номи Абдуфаттоҳ Одинаев мавриди истифода қарор гирифт
Блоки рекламавӣ


