Дар вилояти Перми Русия мактаббача бо корд ба муаллимааш ҳамла кард. “Омӯзгор дар ҳолати вазнин аст. Ҳодиса дар мактаби рақами панҷи шаҳри Добрянкаи вилояти Перм, тақрибан 60 километр дуртар аз Перм сурат гирифт.

Хонандаи синфи нӯҳуми 17-сола бо корд ба муаллима ҳамла кард” – гуфтааст губернатори вилоят Дмитрий Махонин. Ҳамла дар даромадгоҳи мактаб рух дод. Муаллима захмӣ шуд, вазъи ӯ хеле вазнин арзебӣ мешавад. Вай дар беморхона аст.
Сабаби ҳамла маълум нест. “Мактаббачаро ба шӯъбаи полиси минтақавӣ бурданд, сабаби ин ҳолат маълум мешавад” – гуфтаанд дар Вазорати корҳои дохилии минтақа.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь