Президенти Фаронса Эммануэл Макрон изҳор дошт, ки кишварҳои НАТО набояд ҳавопаймоҳои Руссияро дар ҳолати вайрон кардани хатти сарҳад сарнагун кунанд. Ба қавли вай, Руссия танҳо марзи Иттиҳоди Аврупоро “месанҷад”.
Бо ин пешниҳодаш Макрон бо мавқеи Президенти ИМА Доналд Трамп, ки қаблан даъват карда буд, ки дар сурати вайрон кардани фазои ҳавоии Иттиҳоди Аврупо, НАТО ба ҳавопаймоҳои Руссия оташ кушояд, розӣ нашуд.
Блоки рекламавӣ



