Қаҳрамони собиқи UFC дар ду вазн, ирландӣ Конор Макгрегор аз сокинони Ирландия даъват кардааст, ки бо мақомоти маҳаллӣ тамос гиранд ва аз онҳо хоҳиш намоянд то ӯро дар интихоботи ояндаи Президенти кишвар номзад пешниҳод намоянд.
Қаблан Макгрегор эълон карда буд, ки дархости тағйирот ба конститутсияи Ирландияро оғоз мекунад, ки ба ӯ имкон медиҳад, ки ба мақоми президентӣ номзад шавад.
“Шаҳрвандони Ирландия, вақти тағироти воқеӣ фаро расид!
Ҳамчун Президент, ман то он даме ки мардум қонунеро муҳокима накунанд, ман онро имзо намекунам. Агар шумо хоҳед, ки номи маро дар бюллетени интихоботи президентӣ бубинед, ман шуморо ташвиқ мекунам, ки имрӯз бо мушовирони маҳаллии худ тамос гиред ва аз онҳо хоҳиш кунед, ки номзадии маро ба президентӣпешниҳод кунанд” – гуфт Конор дар саҳифаи “Instagram”. Вай инчунин илова кардааст, ки ба ирландиҳо “майдон ва қудрат медиҳад, ки воқеан садояшон шунида шавад”.
Интихоботи президентӣ дар Ирландия 11 ноябри соли 2025 баргузор мегардад. Аз моҳи ноябри соли 2011 Майкл Хиггинс ин вазифаро ишғол мекунад.
Дар охири моҳи июл, Макгрегор дар баҳси судии шикояти таҷовуз ба номуси зан дар соли 2018 мағлуб шуд. Қаблан додгоҳ собиқ варзишгарро вазифадор карда буд, ки 250 ҳазор евро ҷубронпулӣ пардохт кунад ва инчунин хароҷоти судӣ 1,3 миллион евроро ҷуброн кунад.
Макгрегор 37 сол дорад. Моҳи июли соли 2021 ӯ дар мубориза бо амрикоии Дастин Порье дар мусобиқаи UFC 264 пойашро шикаст ва аз он вақт инҷониб ягон бор ба майдон набаромадааст. Вай 22 ғалаба ва шаш мағлубият дар ММА дорад. Қаблан ӯ соҳиби камарбанди қаҳрамонии UFC дар дивизионҳои сабук ва нимсабук буд.

Макгрегор мехоҳад Президенти Ирландия шавад
Блоки рекламавӣ


