“22 август Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо Сафири Давлати Фаластин Адҳам Муҳаммад Алӣ Ҳасан Зайналадин мулоқот кард” – хабар доданд аз Маҷлиси намояндагон.
Зимни мулоқот фаъолияти гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагон бо Шурои қонунгузории Давлати Фаластин барои ҳамоҳанг намудани робитаҳои дӯстӣ байни мардумони ду давлат махсус зикр шуд.
Маҷлиси намояндагон хоҳони густариши ҳамкорӣ бо Шурои қонунгузории Давлати Фаластин буда, барои ба роҳ мондани муколама, мубодилаи сафарҳои расмии ҳайати гурӯҳҳои дӯстӣ ва рушди ҳамкории байнипарлумонӣ ҷаҳду кӯшиш менамояд.
Ҳамкории Тоҷикистон ва Фаластин давоми 33 сол, бахусус солҳои охир вусъати тоза ёфта, санадҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ, аз ҷумла Созишнома оид ба таъсиси Шурои соҳибкорони Тоҷикистону Фаластин баста шуданд, ки метавонанд ба густариши муносибатҳои тиҷоратӣ мусоидат кунанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь