30 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Файзобод майдони Парчами давлатиро ба истифода доданд.
Майдони Парчами давлатӣ ба таври муосир ва бо унсурҳои меъмории миллӣ бунёд гардидааст.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки баландии сутунпояи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 55 метр, дарозии матоъ 14 ва паҳноиаш 7 метрро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин, дар майдони муқаддасоти миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз руйи пайкараи асосгузори аввалин давлати тоҷикон — Шоҳ Исмоили Сомонӣ пардабардорӣ намуданд.
Баландии муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ 7 метр ва зерпояи он 5 метр мебошад.
Иншооти мазкур бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод ва саҳми соҳибкорони ватанӣ дар масоҳати умумии 46 садяк бунёд гардидааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь