Варзишгари ҷавони тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия баргузор гардид, бо ҳунару маҳорати баланд ҳунарнамоӣ намуда, бар ҳарифонаш ғолиб омад ва соҳиби медали тилло гардид. Дар ин хусус муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтолиб Шокирзода хабар додааст.
Мусобиқаи мазкур бо иштироки варзишгарон аз давлатҳои гуногун доир шуд. Махсатулло Муъминов бо нишон додани маҳорати олӣ, иродаи қавӣ ва омодагии хуби варзишӣ бар рақибонаш пирӯз гардида, ҷойи аввалро сазовор шуд.
Блоки рекламавӣ



