Маҳмадрӯзӣ Искандаров, собиқ раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон пас аз 21 сол адои ҷазо аз зиндон раҳо шуд.
Щоло дар озодӣ аст ва дар назди пайвандонаш мебошад.
Маҳмадрӯзӣ Искандаров аз фармондеҳи Иттиҳоди пешини нерӯҳои оппозитсиюни тоҷик, пас аз имзои Созишномаи сулҳ аз ҳисоби тақсими 30-дарсадии қудрат ба мақоми давлатӣ расид. Раиси ширкати давлатии “Тоҷикгаз” буд. Соли 1999 раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон интихоб шуд.
Дертар аз мақоми раиси ширкати давлатии “Тоҷикгаз” барканор гардид. Дар моҳи августи он сол, дар ҳоле ки ӯ пурра ба корҳои ҳизбӣ машғул буд, Додситонии кулли Тоҷикистон ӯро ба сӯҳбат даъват кард. Бо иҷозати муфаттишон барои ба таҳсил бурдани писараш ба Маскав рафт. Дар ин байн ронандаи ӯро боздошт карданд ва ӯ дигар ба Тоҷикистон барнагашт.
9-уми декабри соли 2004 дар арафаи як дидор бо муовини вазири дифоъ, генерал Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим) дар Русия боздошт ва дар баҳори соли 2005 раҳо шуд. Аммо 15-уми апрели соли 2005 дар Маскав нопадид ва ба Душанбе оварда шуд.
Додгоҳи олии Тоҷикистон соли 2005 Искандаровро ба гуноҳи ташкили ҳамла ба ШКД ва Додситонии ноҳияи Тоҷикобод, ғорати амволи “Тоҷикгаз”, ҳифзу нигаҳдории силоҳ ва муҳофиз 23 сол зиндонӣ кард. Ӯро ҳамчунин аз рутбаи генерал-майор маҳрум ва ба пардохти ним миллион доллар ба нафъи давлат вазифадор намуданд.
Искандаров баъд аз зиндонӣ шудан дар маҳбаси вижа барои низомиён ва кормандони собиқи мақомоти қудратӣ нигаҳдорӣ мешуд, аммо августи соли 2015 ба маҳбаси низомаш шадиди шаҳри Бохтар интиқол дода шуд. Баъди сипарӣ кардани як давраи сесола ӯро ба зиндони маъруф ба “маҳбаси Ваҳдат” оварданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь