Латвия санҷиши шаҳрвандони Тоҷикистонро ҳангоми додани виза ва ҳаққи иқомат сахттар мекунад. Чунин дастур ба қонуни муҳоҷирате ворид мегардад, ки аз сӯи Вазорати корҳои дохилии Латвия омода шудааст.
Ин тарҳ тафтиши иловагии он шаҳрванди Тоҷикистонро пешбинӣ мекунад, ки мехоҳанд барои кор ё зиндагӣ вориди Латвия шаванд. Ҳамчунин ахиран Молдова созишномаи сафари бидуни раводид бо ду кишвари Шӯравии собиқ, аз ҷумла Тоҷикистонро бекор кард.
Ин бори аввал аст, ки пешниҳод мешавад Тоҷикистон ба рӯйхати кишварҳое шомил шавад, ки шаҳрвандонаш бояд бештар санҷида шаванд.
Хабаргузории Балтияс Балсс навиштааст, Вазорати корҳои дохилии Латвия қарори худро бо он асоснок кардааст, ки дар қиёс ба солҳои қаблӣ, хатари терроризм дар Тоҷикистон бештар шудааст. Таҳдиди афзояндаи гуруҳи тундрави “Вилояти Хуросон”-и ДОИШ дар Афғонистон, аз ҷумлаи хатарҳое будаанд, ки Вазорати корҳои дохилии Латвия номбар кардааст. Мақомоти Латвия чанд мавридеро дар чанд кишвари Аврупо номбар кардаанд, ки номи шаҳрвандони Тоҷикистон дар пайванд бо он ҳодисаҳо алоқаманд гуфта шуд.
Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки солҳои охир бо мақсади муҳоҷирати корӣ ва зиндагӣ ба Латвия мераванд, танҳо бар асоси виза ба ин кишвар ва давлатҳои аврупоӣ ҳаққи ворид шуданро доранд. Вале акнун қарор аст ҳуҷҷатҳои онҳо бештар тафтиш карда шавад. Пештар маркази визагирии Латвия дар Душанбе низ баста шуда буд.
Рӯзи 12-уми декабр ҳамчунин порлумони Молдова бо тавсияи Комиссияи Аврупо созишномаи сафари бидуни раводид бо кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақилро бекор кард. Ин тасмим дар навбати аввал ба шаҳрвандони Қирғизистон ва Тоҷикистон дахл дорад. Ин созишнома соли 1992 дар Бишкек имзо шуда буд. Минбаъд шаҳрвандони Қирғизистон ва Тоҷикистон барои сафар ба Молдова бояд қаблан раводид ё виза гиранд. Дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ истисно ҳастанд ва онҳо ҳамчунон метавонанд бе раводид вориди Молдова шаванд.
Аммо бекор кардани сафари бидуни раводид ба ҳама кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил, аз ҷумла Ӯзбекистону Қазоқистон ё Руссия рабт надорад. Намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Молдова гуфтанд, ҳанӯз соли 2004 ба Тоҷикистон ва Қирғизистон созишнома дутарафа дар бораи сафари бе раводидро пешниҳод карданд аммо посухе нагирифтанд.
Ба иттилои ин ниҳод, давоми панҷ соли ахир зиёда аз 16 ҳазор тоҷикистонӣ ва 10 ҳазор қирғизистонӣ вориди Молдова шудаанд. Молдова, як кишвари собиқ Шӯравӣ талош дорад қонунгузории худро ба талаботҳои Иттиҳоди Аврупо мутобиқ созад.
Соли равон Хадамоти муҳоҷирати Литва, як кишвари дигари назди Балтик эълон кард, ки қисми зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон шартҳои қонунии будубош ва кор дар Литваро вайрон ва мутобиқ ба қарордоди кор амал намекунанд. Дар пайи ин нигаронӣ, Вазорати корҳои дохилии Литва эълон кард, ки маркази додани раводиди ин кишвар дар шаҳри Душанберо мебандад.

Маҳдудиятҳои кишварҳои аврупоӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон
Блоки рекламавӣ


