Бо рушди босуръати шабакаҳои иҷтимоӣ ва афзоиши истифодабарандагони интернет, мутаассифона нашру паҳн намудани наворҳои дорои мазмуни фаҳш ва ғайриахлоқӣ тамоюли афзоишёбӣ доранд. Чунин амалҳо ба меъёрҳои ахлоқии ҷомеа мухолиф буда, ба тарбияи маънавии наврасону ҷавонон таъсири манфӣ мерасонанд.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ аз ҷониби кормандони Шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе муайян гардид, ки шаҳрванд Идиева Маҳбуба, соли таваллудаш 2002, сокини шаҳри Душанбе, дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунтазам наворҳои ғайриахлоқиро нашр мекард. Номбурда аз ҷониби кормандони милитсия дастгир карда шуда, нисбаташ протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд. Бо Қарори суди ноҳияи Сино нисбат ба ӯ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 3 шабонарӯз таъин гардид.
Аз шаҳрвандон даъват карда мешавад, ки ҳангоми истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ масъулиятшинос бошанд ва ба риояи меъёрҳои ахлоқӣ ва талаботи қонун эҳтиром гузоранд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь