Раисҷумҳури Венесуэла Николас Мадуро барандаи ҷоизаи Нобел Мария Корина Мачадоро “шайтони ҷодугар” гуфт. Президенти Венесуэла Николас Мадуро раҳбари мухолифини берун аз низоми расмии кишвар, Мария Корина Мачадоро, ки барандаи ҷоизаи Нобел барои сулҳ гардидааст, «шайтони ҷодугар» номид. Дар ин бора рӯзномаи венесуэлагии El Universal хабар додааст.
«Навад дар сади мардум шайтонии ҷодугар Сайонро рад мекунанд», — изҳор дошт ӯ, дар ҳоле ки даъватҳои Мачадо ба мудохилаи хориҷиро шарҳ медод. Ба навиштаи нашрия, Мадуро таъкид кардааст, ки мардуми Венесуэла омодаанд аз ватанашон дар баробари дахолатҳои онҳое ҳимоят кунанд, ки сулҳи одилона бо шарафу баробариро намепазиранд. «Мо сулҳ мехоҳем ва он сулҳро хоҳем дошт — аммо сулҳе бо озодӣ ва соҳибихтиёрӣ», — хулоса кард Мадуро.
Лақаби «Сайона» ба рӯҳи интиқомҷӯ аз фолклори венесуэлагӣ ишора мекунад.
Ҷумъаи гузашта Кумитаи Нобел ҷоизаи сулҳро ба раҳбари мухолифини Венесуэла Мария Корина Мачадо супорид.Мухолиф Мария Корина Мачадо, ки мақомот ӯро то соли 2030 аз ишғоли вазифаҳои давлатӣ манъ кардаанд, раҳбарии маъракаи пешазинтихоботии номзад Эдмундо Гонсалесро ба ӯҳда дошт — шахсе, ки ғойибона ба рақиби асосии Ҳукумат дар интихоботи президентии соли 2024 табдил ёфт.
Пас аз рӯзи овоздиҳӣ, Мачадо дигар дар саҳнаи умумӣ ҳозир нашуд — дар пасманзари изҳороте, ки ӯро масъули нооромӣ дар кишвар медонистанд. Тибқи хабарҳои тасдиқношуда, ӯ дар яке аз намояндагиҳои дипломатӣ дар Каракас паноҳ бурдааст. Вале мақомот гуфтаанд, ки ӯ дар Испания қарор дорад. Соли 2015 Мария Корина Мачадо бар асоси парвандаи фасод аз ваколатҳои вакилии худ маҳрум шуд. Бо вуҷуди ин, моҳи октябри соли 2023 ӯ дар праймеризи ҳаракати худ пирӯз гардид ва ҷойгузини президенти худхондаи пешин Хуан Гуайдо ҳамчун раҳбари ҳаракати зиддиҳукуматӣ шуд.
Бо вуҷуди манъи қонунии фаъолиятҳои сиёсӣ дар дохили кишвар, чандин кишварҳои ғарбӣ мисле ки дар мавриди Гуайдо буд, амбитсияҳои сиёсӣ ва раҳбарии Мачадоро дастгирӣ мекунанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь