Мадина Қурбонзода дар Чемпионати Осиё байни наврасон ғолиб гардид. Дар ин бора аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додаанд.
11 сентябр, дар рӯзи якуми Чемпионати Осиё оид ба ҷудо байни наврасон дар шаҳри Ҷакартаи Индонезия варзишгари тоҷик Мадина Қурбонзода дар вазни то 52 кг медали тилло гирифт.
Мадина дар даври финалии мусобиқа дар як рақобати тӯлонӣ, ки то вақти тиллоӣ давом кард, ба муқобили Нигина Умирзакова аз Узбекистон бо имтиёзи вазарӣ пирӯз омад.
Мадина Қурбонзода бо ин медали тилло номашро дар таърихи ҷудои тоҷик сабт намуд ва аввалин ҷудокорзани тоҷик шуд, ки дар Чемпионати Осиё байни наврасон соҳиби медали тилло гардид.
Блоки рекламавӣ