“Президенти Руссия Владимир Путин иҷозат надод, ки аз силоҳи “Орешник” ба кӯчаи Банковская дар Киев, ки дафтари кории Зеленский ҷойгир аст, зарба зананд”, – гуфтааст Президенти Беларус Александр Лукашенко дар сӯҳбат бо рӯзноманигорон.
Дар аввали моҳи август Владимир Путин хабар дод, ки аввалин мушаки “Орешник” истеҳсол ва ба қӯшунҳо дода шудааст.
Илова бар ин, дар охири соли 2024 Лукашенко хоҳиш карда буд, ки ин мушакро дар қаламрави Белорус ҷойгир кунанд. Мутахассисони низомии ду кишвар аллакай мавқеъҳоро барои насб кардани он интихоб кардаанд. Омодагӣ ба анҷом мерасад насби мушак дар охири сол ба нақша гирифта шудааст.
Блоки рекламавӣ