Имрӯз, 6 январ, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон раиси вилоят Давлаталӣ Саид бо Лу Бинг, директори ширкати CNPC СА дар Тоҷикистон мулоқот намуд.
Зикр гардид, ки вилояти Хатлон бо ширкатҳои бонуфузи Ҷумҳурии Халқии Хитой муносибатҳои хуби дуҷонибаро ба роҳ мондааст ва таъкид шуд, ки муносибатҳои Тоҷикистону Чин дар марҳилаи кунунӣ бо суръат рушд дорад.
Давлаталӣ Саид зимни суханронӣ аз тақвият ва густариши робитаҳои корӣ бо ширкатҳои Чинро яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти иқтисодии хориҷӣ шуморид ва афзуд, ки ба бунёди муносибатҳои дарозмуддат, ки ба истифодаи самараноки иқтидори минтақаҳо мусоидат мекунанд, манфиатдорем.
Бояд зикр намуд, ки моҳи ноябри соли 2024 ширкати CNPC дар вилояти Хатлон 1200 километр корҳои иктишофии 2D-ро анҷом дод. Айни замон ширкат ба коркард ва тафсири маълумот тамаркуз кардааст. Барои анҷоми ин кор аз таҷҳизоти замонавӣ ва мутахассисони баландихтисос аз Чин истифода бурда, дар вилояти Хатлон беш аз 1000 ҷойи корӣ таъсис дод. Барои кадрҳои маҳаллӣ курсҳои такмили ихтисос гузаронида шуд. Сармоягузорӣ тақрибан 60 миллион доллар арзёбӣ мешавад. Пас аз коркард ва тафсири маълумот, ширкат метавонад дар минтақаҳои эҳтимолӣ тадқиқоти сейсмикии 3D гузаронад, то ҷойгиршавии чоҳи ояндаро тасдиқ кунад. Бояд гуфт, ки ин мураккабтарин тарҳи техникӣ дар хориҷа дар таърихи ширкати CNPC мебошад.
Ширкати мазкур дар Тоҷикистон лоиҳаи худро дар соҳаи истихроҷи нафту газ дар минтақаи Бохтар амалӣ намуда истодааст.
Ширкат барои омӯзиши геологии канданиҳои фоиданок дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатнома дорад ва барои амалишавии ин лоиҳа корҳои тадқиқотӣ анҷом дода истодааст. Соҳаи нафту газ ҷузъи муҳими комплекси сӯзишворӣ-энергетики кишвар буда, дар қонеъ намудани эҳтиёҷоти аҳолӣ ба маҳсулоти нефтӣ ва дигар захираҳои сӯзишворӣ нақши арзанда дорад.
Зимни мулоқот аз рушди муносибатҳо ёдовар шуда, баҳри тақвият додани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ гуфтугӯ сурат гирифт.

Лу Бинг дар Бохтар
Блоки рекламавӣ


